Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дидори масъули ВКХ Амрико аз Тоҷикистон

Як намояндаи баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  рӯзи 6 январ бо як дидори расмӣ вориди Душанбе хоҳад шуд.

Дар баёнияи ВКХ Амрико омадааст, Эллис Веллс, муовини аввали ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар пойтахти Тоҷикистон бо мақомоти баландпояи ин кишвар ҳамкориҳои минтақавии марбут ба  тавсеъаи равобити иқтисодию энергетикӣ ва амниятиро баррасӣ хоҳад кард.

Дар ин санад таъкид шудааст, ки дар соли 2019 Иёлоти Муттаҳида равобити дуҷонибаи дипломатиро бо 5 кишвари Осиёи Марказӣ густариш додааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.