Дигаргуниҳои ФИФА ба қоидаҳои баргузории Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Русия

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ба тартиби баргузории Чемпионати ҷаҳон-2018 дар Русия якчанд дигаргуниҳо ворид кард.
Тибқи қоидаҳои навкардаи ФИФА, ҳангоми баробар шудани холҳо байни дастаҳо дар марҳили гурӯҳии ЧҶ- 2018 рейтинги fair play — теъдоди кортҳои зарду сурхгирифтаи бозигарон ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба мисли пеш, аввал фарқияти тӯбҳо ва натиҷаи вохӯриҳои байни дастаҳо ҳисобида мешавад, -иитилоъ додааст Associated Press. Пеш аз ин, муқарарроти сеюм қуръапартоӣ буд.
Ҳамчунин, ҳамаи мунтахабҳоро вазифадор менамоянд, ки сарулибоси дарвозабонро бе ному рақами бозингар захира дошта бошанд. Ин дар ҳолати лат хӯрдани дарвозабон ё аз бозӣ барканор кардани ӯ, ба итмомрасии лимити ивазкунӣ мунтахаб маҷбур мешавад ба дарвозаи худ бозингари майдонро гузорад.
Бар замми ин, мувофиқи қоидаҳои нав ҷоизаҳоро ба капитани чемпионҳои ҷаҳон дар маросими арҷгузорӣ фақат президенти кишвари мизбони ҷемпионат месупорад. Аз ин пеш ин корро президенти мамлакат ва президенти ФИФА иҷро мекарданд.
Талаботи навбатӣ ба варзишгоҳҳое, ки мусобиқаҳо дар онҳо доир мешаванд, тааллуқ дорад. ФИФА метавонад як моҳ пеш садди баргузории вохӯриҳои футбол дар варзишгоҳу машқгоҳҳои Чемпионати ҷаҳон -2018 шавад (ба қавли дигар – вето гузорад).
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *