Дилбар Халилова, мудири ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор” даргузашт

Дилбар Халилова, мудири ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор” ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон субҳи имрӯз дар Душанбе даргузаштааст. Наздикони Дилбар Ҳалимова мегӯянд, ки ӯ ду соли ахир аз бемории саратон ранҷ мекашид.

Ҷанозаи ӯ соати 11-и имрӯз дар хонаашон, маҳаллаи Боғи Ирам, Гулсанг 31 доир мешавад.

Дилбар Халилова соли 1996 ташкилоти ҷамъиятии “Фидокор” таъсис намуд ва аз соли 2018 ба ин сӯ мудири кулли ин ниҳод буд. Ӯ қаблан ба ҳайси мудири шуъбаи сиёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, раиси Иттиҳодияи кӯдакону наврасон кишвар фаъолият кардааст. Барои саҳмаш дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ӯ ҷоизаи давлатӣ — ордени Шараф дараҷаи II тақдим шудааст. Марҳум аз соли 1998 узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон буд.

Ҳайати кормандони “Тоҷикистон” ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *