Дилшод Назаров – парчамбардори дастаи олимпии Тоҷикистон

16-уми июл, зимни баргузории ҷаласаи Ассамблеяи XV генералии Кумитаи миллии олимпии кишвар масъалаи интихоби парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ботантана кушодашавии Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баррасӣ шуд.

Аъзои ассамблеяи олимпӣ қарор кард, ки гурзандози машҳур Дилшод Назаров парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ботантана кушодашавии Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия интихоб карда шавад. Ин маротибаи дуюм аст, ки Д. Назаров ба сифати парчамбардори дастаи варзишии ҷумҳурӣ ба бозиҳои олимпӣ интихоб мешавад. Ӯ ин вазифаи ифтихориро бори нахуст дар Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии Лондон -2012 ба душ дошт.  Дар Олимпиадаи Пекин-2008 ин гуна бовариро бонуи муштзан Мавзуна Чориева мушарраф гашта буд.

 Ҳамзамон, раиси КМОТ Баҳрулло Раҷабалиев иттилоъ дод, ки то имрӯз 7 варзишгари Тоҷикистон  ҳуқуқи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016-ро ппайдо намудаанд.

-Ба ҷуз гурзандоз Дилшод Назаров,  ҷудочиёни номӣ  Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, муштзан Анвар Юнусов, шиноварон Анастасия Тюрина ва Олим Қурбонов, даванда Кристина Пронженко Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Рио-2016 муаррифӣ мекунанд, — мегӯяд Б. Раҷабалиев.

Эмоми НАЗАРИЁН

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *