Дилшодро Рустами Эмомалӣ  пешвоз мегирад

 Тавре иттилоъ дода будем, Чемпиони Олимпиадаи Рио-2016 гурзпартои номии тоҷик Дилшод Назаров соати 18.00-и имрӯз ба воситаи тайёра ба Тоҷикистон меояд.

Аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, ки Дилшод Назаровро дар фурудгоҳи Душанбе  ҳазорон мухлиси варзиш, директори Агентии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҷумҳурӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ, раиси  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Рустами Абдуллозода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанею ёру дӯстон пешвоз хоҳанд гирифт.

Пас аз ин Дилшод Назаров дар гусели шахсони расмии номбаршуда тамоми маркази пойтахтро мошинсавор гашта, бегоҳӣ аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон пазируфта мешавад.

 Ҳамчунин, ба шарафи Чемпиони Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров дар амфитеатри шаҳри Душанбе барномаи консертӣ бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мешавад.

6 нафар аъзои дигари ҳайати олимпии Тоҷикистон бо тайёра аз хатсайри Рио-де-Жанейро –Сан-Паулу — Истамбул ба Душанбе соати 03:35-и маҳаллии  27 август бармегарданд.

Эмом НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *