Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Директори нави телевизиони Тоҷикистон. Пиров кист?

Раҳматулло Пиров, директори “Телевизиони Тоҷикистон” таъин шудааст. Номбурда то ин вақт сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсии Телевизиони Тоҷикистон буд.

Мақоми нави Раҳматулло Пировро имрӯз, 16 июн раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони худ тасдиқ намуд.

Инчунин, бо фармони дигари раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзноманигори ҷавон Обидҷон Саидзода директори Радиои Тоҷикистон таъйин гардид.
Обидҷон Саидзода хабарнигори идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ (2010), мудири шӯъбаи танзими барномаҳо (2012), муҳарирри калони Идораи барномаҳои таҳлилӣ (2015) ва панҷ соли охир муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон буд.
Раҳматулло Пиров дар вазифаи директори “Телевизиони Тоҷикистон” Субҳиддин Шамсиддинзода ва Обидҷон Саидзода дар вазифаи директори Радиои Тоҷикистон Дилафрӯз Рустамзодаро иваз карданд.
Ёдрас мешавем, ки бо Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон Субҳиддин Шамсиддинзода, муовини якум ва Дилафрӯз Рустамзода муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Бобошоҳзода Маҳмадшариф ва Бақозода Сайрам аз вазифаҳои муовини якум ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио озод карда шуданд.

Маълумотнома
Пиров Раҳматулло 5-уми августи соли 1983 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.
Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Раҳматулло Пиров аз соли 2006 инҷониб дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Ӯ то имрӯз дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст: солҳои 2006-2010 муҳаррири хурд, муҳаррир ва мудири шуъбаи мухбирони минтақавии Идораи барномаҳои иттилооти Шабакаи якум; солҳои 2010 – 2011 сармуҳаррири гурӯҳи эҷодии «Фаросӯ»;солҳои 2011 – 2012 сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ; солҳои 2012 – 2013 муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ. Раҳматулло Пиров чанд соли охир ба ҳайси сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ фаъолият дошт.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.