Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Додихудо Саймиддинов даргузашт

Додихудо Саймиддинов, профессор ва забоншиноси саршиноси тоҷик,  собиқ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, яке аз муаллифони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар синни 68 солагӣ аз дунё даргузашт.

Ба иттилоъи пайвандони марҳум қалби ӯ шаби 2-юми май аз задан бозмондааст. Профессор Саймиддинов чанд муддат дар бистари беморӣ буд.

Додихудо Саймиддинов соли 1949 ба дунё омада, соли 1973 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм кардааст.  Ӯ доктори имлҳои филологӣ (соли 1999), Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001) ва Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форсии Эрон буд.

Солҳои 2000-2005 номбурда, раҳбарии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улумро ба ӯҳда дошт. Ҳамчунин солҳои 2005-2009 вакили Маҷлиси намояндагон, 2009-2013 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон буд.

p.s. Ҳайати кормандони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи «tajikistantimes.tj» аз марги нобаҳангоми профессор Додихудо Саймиддинов андӯҳгин буда, ба пайвонди марҳум ҳамдардӣ арз мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.