Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Додоҷони Атовуллоҳ аз Эмомалӣ Раҳмон авфи Кабириро хост

Додоҷони Атовуллоҳ, журналисти тоҷик ва роҳбари ҷунбиши “Ватандор”, ки чанде пеш мақомоти Тоҷикистон ӯро авф кард, зимни ирсоли як номаи сарво аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон авфи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнуъи наҳзати исломиро талаб кардааст.

Номаи Додоҷони Атовуллоҳро, ки дар саҳифаи Фейсбуки муаллиф нашр шудааст, пешкаши шумо мегардонем:

НОМАИ САРВО БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мӯҳтарам Президент!
Аз касе чизе хостанро дӯст надорам.
Ҳар хостан барои ман марги кӯчакест.
Ҳоло аз Шумо як хоҳиш дорам.

Хоҳиш мекунам ҳамин писархондатон – Муҳиддин Кабириро бо думравонаш мавриди авф қарор диҳед ва ба Душанбе баргардонед. Яқин медонам, ки танҳо бо машварат ва дахолати Шумо варо роҳбари наҳзатиён баргузида буданд.
Дар як ҳаво бо ин дастпарварди Шумо ва “оқи падар”, “оқи додар”, “тангемка” ва “обсофкунак”-у “ностуфкунак”-ҳои ӯ нафас кашидан сахт мушкил аст.

Хӯю атвори инҳоро хуб медонед. Каме ҷаву алаф партоед, худашон дав-давон мераванд. Як – ду ҷо дар порлумон ҳам диҳед зиён надорад.
Бо ин роҳ Шумо миллати моро аз хиҷолатзадагӣ ва сарафкандагӣ дар Аврупо наҷот медиҳед. Ман низ аз ин вирусҳо халос мешавам.
Агар ҳамин хоҳиши ман иҷро шавад минбаъд номи Шуморо ҳеҷ гоҳ танҳо ба забон намеоварам ва ин тарзи руҷӯъро азёд менамоям:
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Пешопеш – сипос!
Д. А.

-->

Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Солеҳ 07.04.2020 07:28

    Ҳарду аз як палакед. Пас, ҳардуятон аз ҳамон ҳавои виросолуди Аврупо якҷоя нафас кашида гардеду ҳавои моро ҳам вирусолуд накунед. Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад ё не, имруз дигар шуморо мардум намехоҳанд. Дар куча пурси ки ҳамин Додоҷонаш кист, ҷавонони аз сисола поён мегуянд,ки як касе буд, «ба фикрам аскари генерал Назарзода » Ана ҳамин қадар шуморо мешиносанд оқои Додоҷон. Беҳтараш, дар паҳлуи Кабирӣ шинеду ҷойнамозро партофта баро мардуми зиёдеро гумроҳ карданатон аз Худованд пузиши гуноҳ пурсед…

    • Мухиддини Додо 07.04.2020 20:12

      Сад прасент тарафдор. Харду дуяш аз як палак. Точикистону точикистониён аз афту намуду башараи шумо сад сол безор.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.