Додоҷони Атовуллоҳ аз Эмомалӣ Раҳмон авфи Кабириро хост

Додоҷони Атовуллоҳ, журналисти тоҷик ва роҳбари ҷунбиши “Ватандор”, ки чанде пеш мақомоти Тоҷикистон ӯро авф кард, зимни ирсоли як номаи сарво аз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон авфи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнуъи наҳзати исломиро талаб кардааст.

Номаи Додоҷони Атовуллоҳро, ки дар саҳифаи Фейсбуки муаллиф нашр шудааст, пешкаши шумо мегардонем:

НОМАИ САРВО БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Мӯҳтарам Президент!
Аз касе чизе хостанро дӯст надорам.
Ҳар хостан барои ман марги кӯчакест.
Ҳоло аз Шумо як хоҳиш дорам.

Хоҳиш мекунам ҳамин писархондатон – Муҳиддин Кабириро бо думравонаш мавриди авф қарор диҳед ва ба Душанбе баргардонед. Яқин медонам, ки танҳо бо машварат ва дахолати Шумо варо роҳбари наҳзатиён баргузида буданд.
Дар як ҳаво бо ин дастпарварди Шумо ва “оқи падар”, “оқи додар”, “тангемка” ва “обсофкунак”-у “ностуфкунак”-ҳои ӯ нафас кашидан сахт мушкил аст.

Хӯю атвори инҳоро хуб медонед. Каме ҷаву алаф партоед, худашон дав-давон мераванд. Як – ду ҷо дар порлумон ҳам диҳед зиён надорад.
Бо ин роҳ Шумо миллати моро аз хиҷолатзадагӣ ва сарафкандагӣ дар Аврупо наҷот медиҳед. Ман низ аз ин вирусҳо халос мешавам.
Агар ҳамин хоҳиши ман иҷро шавад минбаъд номи Шуморо ҳеҷ гоҳ танҳо ба забон намеоварам ва ин тарзи руҷӯъро азёд менамоям:
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Пешопеш – сипос!
Д. А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *