Доллар месӯзаду юан месабзад! Асъори нави ҷаҳонӣ юан мешавад?

Давраи ҳукмронии доллар ба сабаби баланд шудани маъруфияти дигар асъорҳо ба охир расида истодааст.

Михаил Коган, сардори шӯъбаи таҳқиқоти таҳлилии Мактаби олии менеҷменти молиявӣ, Юан метавонад пули нави ҷаҳонӣ шавад, гуфтааст дар мусоҳиба бо оҷонсии «Прайм».

Ӯ иброз намуд, ки кишварҳо долларро дар амалиёти пардохт камтар истифода мебаранд. Бисёр давлатҳо амалиётҳоро бо асъори дигар анҷом медиҳанд, қайд кард коршинос.

Коршинос таъкид кард, ки евро ба бартарияти доллар зарба зад. Юан низ афзуда ба асъори амрикоӣ таъсири шадид гузошт. Ин вазъ тааҷҷубовар нест. Дарвоқеъ, имрӯз юан ба пули дуввум ё сеюм дар захираи байналмилалӣ табдил ёфтааст, гуфт Коган.

Вай қайд кард, ки дар 50 соли оянда евро ва юан долларро аз майдони гардиши ҷаҳонӣ меронанд.

Чанде пеш, Financial Times ва Saxo Bank аз ноустувории доллар дар шароити вазнин дар бозорҳои молиявии ИМА бинобар қобилияти сусти кишвар дар назорати таваррум ҳушдор дода буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *