Дон Жуан ва Ҷамол-компания шуморо дар Сирк интизоранд!

Санаи 25-уми сентябр, соати 14-00 дар бинои Сирки давлатӣ бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти кишварамон намоиши нави сирк баргузор мегардад. Дар ин рӯз шумо метавонед аз ҳазлҳои намакини мазхарабозон, акрабатҳо, ҳайвонҳои ромшуда, морбозон ва дигар навовариҳои кормандони сирки давлатӣ дидан намоед. 

     

Ба саволи он, ки  намоиши нав чӣ чизҳои аҷиб дорад, ҳунарманд Дӯстмурод Шарипов, ки бо лақаби Дон Жуан машҳур гаштааст, чунин посух дод:
-Бачаҳои мо ба наздикӣ аз давлати Хитой бо ҳунару маҳорати нави омӯхтаашон ба Тоҷикистон баргаштанд ва боварӣ дорам, ки мардумро қоил хоҳанд кард. Касе, ки ба Сирк меояд, аз тамошои барномаи аҷиби мо ҳаволат бурда аз омаданаш пушаймон нахоҳад шуд.

 Дон Жуанро мардум ҳамеша дар кино дида, ин ҷавони шӯхро ҳамчун ҳунарманди синамо мешиносанд. Дӯстмурод Шарипов сабаби ба сирки давлатӣ гузаштанашро ба мухбири мо чунин шарҳ дод:

-Ман аз хурдӣ орзу мекардам, ки масхарабози Сирк бошам ва ин орзуям ду моҳ пеш ҷомаи амал пӯшид. Маро Ашӯр Раҷабов, роҳбари Сирки давлатӣ ба кор қабул карданд. Ваъда медиҳам, ки ба халқу Ватанам дар саҳнаи сирк хизмати шоён намуда, номи сирки тоҷикро баланд мебардорам…

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *