Донишҷӯёни тоҷик ба дӯхтани ниқоб ҷалб шуданд

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Дар заминаи озмоишгоҳҳои дӯзандагии факултети технология ва дизайн дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуд.

Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд, ки тарҳи ниқоб аз тарафи мутахассисони факултет бо назардошти меъёрҳои стандартӣ кашида шуда, бо ҷалби омӯзгорони мутахассис ва донишҷӯён дӯхтани онҳо оғоз гардид.Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳолати зарурӣ зиёда аз 6000 кормандон ва донишҷӯёни худро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин намояд. Инчунин ҳаҷми истеҳсол зиёд карда шуда, ба дигар муассисаю корхонаҳо низ ниқобҳои тиббӣ пешниҳод карда мешаванд.
Барои дӯхтани ниқобҳо маҳсулоти пахтагини истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла матоъҳои пахтагини истеҳсоли корхонаи «Нассоҷии тоҷик» истифода бурда мешаванд. То имрӯз зиёда аз 1300 адад ниқобҳои тиббӣ омода карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *