Донишгоҳи Бохтар: Фавти чор омӯзгор аз илтиҳоби шуш ё каронавирус?

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, чор омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фавтиданд. Гӯё сабаби фавти ду нафари онҳо гирифторӣ ба бемории коронавирус будааст.

Давлатзода Сайфиддин, ректори донишгоҳи мазкур имрӯз 21-уми июли соли равон дар нишасти матбуотӣ гуфт, сабаби фавти ду омӯзгори донишгоҳи онҳо гӯё ин гирифторӣ ба бемории коронавирус будааст. “Аммо ростӣ дар бораи оне, ки онҳо аз бемории ҳамагир фавтидаанд, ягон ташхис надорем”, — афзуд вай. Дар ҳамин ҳол Маҳмадкарим Шарифов, раиси кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гуфт, фикр мекунам, ки сабаби фавти ду омӯзгор бемории илтиҳоби шуш ва ду нафари дигар аз ҳисоби дигар беморӣ аст. Ҳамчунин манбаъ иттилоъ дод, ки маъмурияти донишгоҳ ба оилаҳои омӯзгорони фавтида дар умум шаш ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақта расонидааст.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *