Донишгоҳи техникӣ овозаҳоро инкор кард

Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ хабари корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук Халил Сафаровро шарҳ дод.

Халил Сафаров дар Фейсбук менависад, ки “Донишгохи техники Точикистон хамаи устодону муалимонро ба мухлати 4 мох (аз 1 май то 1 сентябр)ба рухсатии бемузд равон намудааст. Оё ин мувофики конун аст?” 

Тавре дар суҳбат бо «Pressa.tj” аз раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ гуфтанд: “Ин маълумотро, ки Халил Сафаров ном корбари Фуйсбук пахш кард, комилан нодуруст аст. Ин овоза буда, танҳо хусусияти иғвобахшӣ аз ҷониби  Халил Сафаров мебошад. Муаллиф дар саҳифаи Фейсбук худро истиқоматкунадаи шаҳри Тошканд нишон додааст. Аммо ҳеҷ маълумоти дигарро нишон надодааст. Бинобар ин,  мо  муайян кардем, ки  ӯ бештар хабарҳои бардурӯғро, ки фитнаангезанд,  дар Фейсбук мегузорад. Раёсати донишгоҳ бинобар расман эълон шудани гирифторони бемории сироятии коронавирус аз тарафи Ситоди ҷумҳуриявӣ ва пеш аз мӯҳлат ҷамъбаст шудани таҳсили донишҷӯён, устодонро ба рухсатии навбатии музднок, ки ду моҳ пешбинӣ шудааст,  равон кард. Як гуруҳи устодон аз 4-уми май ва қисми бештари дигар аз 18-уми майи соли равон, ки ба кори комиссияи аттестатсияи  давлатӣ ҷалб шуда буданд, ба рухсатии музднок баромаданд”.

Масъулини Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мегӯянд,  ки то 5 июни соли равон маоши рухсатӣ ба кортҳои бонкии омӯзгорон интиқол меёбад ва хонандагон набояд ба ин гуна овозаҳо бовар кунанд. “Зеро умри дурӯғу туҳмат ҳамеша кутоҳ аст”,-мегӯянд аз донишгоҳ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *