Донишгоҳи техникии Тоҷикистон: 60 000 хатмкарда дар вазорату идораҳо фаъолият доранд

Дар ҳама давру замон таъмини рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва саноати кишвар аз вазъи тайёр намудани мутахассисони баландкасби соҳаи муҳандисӣ вобастагӣ дорад. Аз давраи сиҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи техникӣ дар кишвари азизамон мақоми хоса пайдо намуд. Бо ифтихори беандоза зикр намудан ҷоиз аст, ки чунин вазифаи муқаддас ба души Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вогузор карда шуд.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ки имсол 60-солагиаш таҷлил карда мешавад, аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи омодакунии кадрҳои баландкасби муҳандисӣ, донишгоҳи базавии омодакунии мутахассисон дар соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмону меъморӣ, нақлиёт, алоқа ва коммуникатсия дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Донишгоҳ бо Қарори девони Шӯрои вазирони СССР аз 6-уми январи соли 1956 таҳти № 14  ҳамчун Институти политехникии Сталинобод таъсис дода шуда, соли 1961 Институти политехникии Тоҷикистон ва аз соли 1997 инҷониб ҳамчун Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият дорад.

Донишгоҳ дар 60 соли фаъолияташ барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, устуворшавии таҳсилоти касбии техникӣ, ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа чи дар замони шӯравӣ ва чи дар даврони истиқлолият саҳми босазои худро гузоштааст. Зиёда аз 60 000 хатмкардаи донишгоҳ дар вазорату идораҳо ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва берун аз он бомувафаққият фаъолият намуда истодаанд. Донишгоҳ аз сол 1978 инҷониб ба омодакунии мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ шурӯъ намуда, то имрӯз зиёда аз 4000 нафар хатмкардагони хориҷии донишгоҳ дар кишварҳои гуногуни олам кору фаъолият доранд.

Имрӯз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон муассисаи бисёрсоҳаи замонавии таҳсилоти олии касбии техникӣ буда, дар сохтораш 7 факултет: энергетикӣ, сохтмон ва меъморӣ, технологияи инноватсионӣ, нақлиёт, менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, факултети муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе дошта, аз рӯи 70 ихтисос мутахассисонро тайёр менамояд.

Ҳоло миқдори донишҷӯёни донишгоҳ зиёда аз 8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 6,5 ҳазор нафарашон дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд. Дар 40 кафедраи донишгоҳ зиёда аз 430 нафар устодон фаъолият намуда, аз онҳо 20 нафарашон профессор, доктори илм ва 155 нафарашон дотсент, номзадони илм мебошанд.

Донишгоҳ пайваста кӯшиш менамояд, ки аз шаклу усулҳои замонавии таҳсил васеъ истифода намуда, сатҳи омодакунии мутахассисонро тибқи талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ва минтақавии меҳнат ба роҳ монад. Донишгоҳ ба шакли бисёрзинагии таҳсилоти олӣ — омодакунии мутахассисон дар зинаҳои бакалавриатура ва магистратура гузашта, низоми кредитии таълимро пурра ҷорӣ намудааст. Кормандони донишгоҳ пайваста талош доранд, ки ба фазои ягонаи таҳсилот ворид шуда, аз имконият ва таҷрибаи пешқадами марказҳои таълимии ҷаҳон истифода намоянд. Бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадафҳо донишгоҳ бо зиёда аз 110 марказҳои илмию таълимии кишварҳои гуногун робитаҳои корӣ дошта, аъзои зиёда аз 10 иттиҳодияҳои байналмилалии донишгоҳҳо мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки соли 2015 ду ихтисоси донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ то соли 2020 гардиданд.

Дар донишгоҳ ҳамаи шаклҳои таҳсилоти баъди таҳсилотӣ олӣ — таҳсил дар аспирантура ва докторантура,  коромӯзӣ ва такмили ихтисос ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади дар раванди таълим васеъ истифода намудани технологияҳои иттилоотӣ аз соли 2000 -ум донишгоҳ ҳамчун ташаббускори таъсис додани Ассотсиатсияи истифодабарандагони “ТАРЕНА” буд, ки то ба имрӯз фаъолият дорад. Дар қатори ин, дар сохтори донишгоҳ нуқтаи пайвастшавии Институти ЮНЕСКО оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилот таъсис дода шуд. Дар байни 35 донишгоҳҳои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ  Донишгоҳи техникӣ ҳамчун муассиси Ассотсиатсияи байналмилалии “Донишгоҳи виртуалӣ” шинохта шудааст.

Дар доираи татбиқи Барномаи рушд бинои таълимии факултети сохтмон ва меъморӣ, барои зиёда аз 2000 ҷои нишаст дар як баст сохта ва ба истифода дода шуд. Дар бинои мазкур, 1 сентябри соли 2013 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дарси сулҳ, “Рӯзи Дониш” ботантана баргузор гардид.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дорои хобгоҳҳои замонавии бо шароитҳои мусоид фароҳамдошта, аз ҷумла шабакаи интернет, китобхона, ошхона, толори варзишӣ таъмин буда, метавонанд эҳтиёҷоти донишҷӯёни ба ҷои зист ниёзмандро қонеъ гардонад.

Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати фарҳангию варзишии донишҷӯён дар донишгоҳ зиёда аз 11 сексияҳои варзишӣ ба монанди футбол, волейбол, тенниси рӯйи мизӣ, шоҳмот ва ғайра амал мекунанд, ки дар он донишҷӯён метавонанд дар вақтҳои холӣ машғул бошанд.

Барои истироҳати донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ тамоми шароит дар лагери варзишӣ-истироҳатӣ, воқеъ дар дараи хушманзараи Варзоб, муҳайё карда шудааст.

Аҳли заҳмати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ сулҳу оромӣ таманно менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *