Дорожкин: Дар Беларус тоҷиконро ҳам боздошт карданд

Михаил Дорожкин, як шаҳрванди Русия, ки 14 рӯзро дар Минск дар ҳабс ба сар бурд, баъди озодиаш дар мусоҳиба бо «Новая газета» гуфт, ки ҳамроҳаш дар ҳабс шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам буданд.

Ӯ мегӯяд, ки одами сиёсӣ нест ва дар эътирозҳо иштирок надошт, вале «маълум шуд, ки ҳамаи хориҷиҳо ва афроди монанд ба хориҷиро медоранд. Ҳамроҳи ман як бурят буд. Ӯро фақат барои он ҳабс карданд, ки бурят аст. Ҳамин тавр, тоҷикҳоро мебардоштанд, ӯзбекҳоро ҳам.» Дорожкин гуфт, вақте ӯро ба ҳабсхонаи хориҷиҳо бурданд, «дар онҷо одамон аз Швейтсария, Туркия, Полша, Туркманистон, Тоҷикистон, русҳо ва украиниҳо аз Донбасс ҳам буданд. Украиниҳоро мезаданд ва мегуфтанд, ки «Шумо майдонатонро ба инҷо овардед!» Михаил Дорожкин аввалин нафарест, ки дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми саркӯби эътирозҳо дар Беларус хабар медиҳад. Дар бораи кӣ будани ин боздоштшудаҳо ва сарнавишти онҳо дар боздошт маълумоте ҳанӯз дастрас нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *