Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Довталаб 2020: Имтиҳони қабул сар шуд

Аз 1 июл имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар тариқи Маркази миллии тестӣ оғоз гардид.

Тибқи иттилои ММТ, имтиҳоноти аввалин барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) номнависшуда, ки гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихоб кардаанд, имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А оғоз гардид. Давраи асосии имтиҳонҳо мувофиқи ҷадвали муқарраршуда аз 1-ум то 7 уми июл дар 48 маркази имтиҳонӣ дар 18 шаҳру ноҳия доир мешавад.
Дар соли 2020 шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда 98840 нафарро ташкил додааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.