Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ДОВТАЛАБ. 30 ҳазор хатмкундагон дар кӯча мемонанд?

Имсол макотиби миёнаи Тоҷикистонро 162 ҳазор хонандаи синфи 9 ва аз 123 ҳазор хонандаи синфи 11 хатм карданд. Аз ин шумора дар давраи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ 110 ҳазор нафар аз қайд гузаштанд…

Шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), 98840 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) бошад ба 10033 нафар баробар аст. Ин дар ҳолест макотиби оли ва миёнаи касбии мо то 80 ҳазор донишҷӯ қабул мекунад.

Гуфта мешавад, ки имсол шумораи довталабон нисбат ба соли гузашта бештар аст. Масъулин ин падидаро ба авҷ ва паҳншавии коронавирус рабт медиҳанд. Имсол монанди солҳои қаблӣ хатмкунандагони макотиби миёнаи мо мисли ҳарсола довталаби донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар шуда наметавонанд.

Даври асосии имтиҳонҳо мувофиқи ҷадвали муқарраршуда аз 1-ум то 7-уми июли соли ҷорӣ дар 48 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудаанд, баргузор гардид. Аз 1-уми июл то 6-уми июл даври асосии имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (даври асосӣ), идома ёфт. Довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – қисми Б-ро дар даври асосӣ рӯзи 7-уми июл супориданд. Аммо имтиҳонот бо фарқият аз солҳои гузашта бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва тавсияҳои табибону созмонҳои тандурустӣ гузаронида шуданд. Яъне, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ, ниқобпӯшӣ ва истифодаи маводи антисептикӣ.

Қисми зиёди довталабони имсола аз баргузор шудан ё нашудани имтиҳоноти дохилшавӣ ноумед буданд, зеро давраи бақайдгирӣ ва омодагии онҳо ба авҷи сироятёбии COVID-19 дар ҷумҳурии мо рост омад.

Иловатан, аввали моҳи июн Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон гуфт, имсол имтиҳони хатм барои хонандагони синфҳои 9 ва 11 баргузор карда нашавад. Ҳамин тавр, баҳои хатмкунандагони макотиби миёнаро дар асоси натиҷаҳои чаҳорякиҳояшон гузоштанд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Шодиён Абдулбосит Шодӣ, муовини директори Маркази миллии тестӣ дар нишасти матбуотии ниҳодашон иттилоъ дода буд, ки дар соли 2020 довталабон монанди солҳои пешин имтиҳоноти дохилшавиро ду рӯз не, балки дар як рӯз месупоранд, ки он аз чор субтест иборат мебошад, сӯ афзуда буд:- «Қаблан довталабон дар қисми “А” имтиҳоноти умумӣ, қисми “Б” имтиҳони ихтисос месупориданд, ки ин ду қисм аз шаш субтест иборат буд ва он 7 фанро дар  мегирифт. Бар асоси тарҳи нав мо барои чунин довталабон як қисмро пешбинӣ менамоем, ки он имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ номгузорӣ шуд».

Ба иттилои манбаъ, довталабон акнун бар иловаи се фанни ихтисосӣ танҳо забони модариро  месупоранд. Барои мисол агар довталабоне, ки гурӯҳи ихтисосҳои якумро интихоб мекунанд аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физика имтиҳон месупоранду халос. Барои қисми А 220 дақиқа муқаррар шудааст.

Яке аз навгониҳои соли ҷорӣ вобаста ба раванди имтиҳонҳо ба роҳ мондани пахши раванди имтиҳонҳо аз ҳамаи марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ аст. Барои он Марказ тамоми таҷҳизоти заруриро дар ҳар як маркази имтиҳонӣ таъмин кардааст.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (хол ва балҳои бадастовардаи ҳар яке аз довталабон ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани онҳо) соли ҷорӣ 19-уми июл ба нақша гирифта шудааст.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

“Тоҷикистон”

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.