ДТТ: 64 406 сомонӣ кӯмакпулӣ ба донишҷӯён

Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон доир гардид, ки яке аз масъалаҳои муҳим ин кӯмаки иҷтимоӣ расонидан ба донишҷӯёну кормандони донишгоҳ буд.

Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба 54 нафар донишҷӯён вобаста ба вазъи мушкилоти молиявии оилавӣ ва фавти падару модар дар давраи таҳсил кӯмакпулии якдафъаина ва озод намудан аз пардохти маблағи таҳсил тибқи қарори Шӯрои олимон дода шудааст, ки маблағи умумии онҳо 64 406 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин, гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон айни ҳол 11 нафар донишҷӯёни ятими кулл, 13 нафар донишҷӯёни маъюб, зиёда аз 387 донишҷӯёни нимятим ва камбизоат ба қайд гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *