Ду бохти «Истиқлол» дар бозиҳои назоратӣ

Чемпиони бисёркаратаи Тоҷикистон аз лигаи олӣ дастаи «Истиқлол»-и Дущанбе, ки имрӯзҳо ҷамъомади машқию тамриниашро дар Анталияи Туркия гузаронда истодааст, 23 январ вохӯрии дуюми назоратиро бо бошгоҳи «Қайсар»-и Қазоқистон барпо намуд.
Сомонаи расмии даста дар ин бобат иттилоъ дода, меафзояд, ки чемпиони мамлакат ҳисоби бозиро аввалин шуда кушод (Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 21-ум), аммо онро то охир нигоҳ дошта натавонист ва дар натиҷа бо ҳисоби 1: 3 бой дод.
Ёдовар мешавем, ки ин бохти дуюми «Истиқлол» дар бозиҳои назоратӣ мебошад. Чанд рӯз пеш аз ин душанбегиҳо бозиро ба дастаи «Интер»-и Озарбойҷон бо ҳисоби 1:2 бохта буданд.
«Истиқлол» дар бозии сеюми назоратӣ 26 январ бо тими «Пандурий»-и Руминия ба майдон мебарояд.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *