Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ду голи Манучеҳр Ҷалилов

11-уми март дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” вориди майдони рақобат шуданд. Хабар медиҳад varzishtv.tj.

Ин вохӯрии тимҳои “Истиқлол”  ва “Хуҷанд” бо натиҷаи 2:0 бо ғолибияти “Истиқлол” хотима ёфт. Дар ин дидор ҳарду голи ғолибонро Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи “Хуҷанд” ворид намуд. Ҳамин тавр “Истиқлол” марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020-ро дар Минтақаи марказӣ бо пирӯзӣ оғоз кард.

Гуфта мешавад, ки баъди ин пирӯзӣ “Истиқлол” соҳиби се имтиёз шуда, дар гурӯҳи «D» пешсаф гардид. Акнун дар давр дуюм рӯзи 15-уми апрел “Истиқлол” ба меҳмонии “Алтин Асир” сафар мекунад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.