Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ду куштор дар Панҷакенту Истаравшан

27-уми декабр дар шаҳри Истаравшан мард ҳамсарашро аз сабаби рашк муноқиша намуда, бо корд 13 маротиба ба узвҳои бадани ӯ задааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 27-уми декабри соли 2019, тахминан соати 20:00, марди 47-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҳамсараш зани 35-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, аз сабаби рашк муноқиша намуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди хоҷагӣ 13-маротиба ба узвҳои бадани ӯ задааст. 

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, — омадааст дар иттилоия.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 50-солаи сокини деҳаи Вағаштони шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, рӯзи 27-уми декабри соли 2019, тахминан соати 21:00, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиашон бо писари амакаш марди 54-солаи сокини деҳаи Ғезани-поён, аз сабаби муноқишаи ба миёномада ҷангу ҷанҷол карда, бо дасту пояш ба сару рӯяш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.