Ду куштор дар як рӯз: Куштори бародар ва додар арус
Кормандони милитсия аз боздошти марди 31-солаи ва 24-солае хабар медиҳад, ки яке бародари ҳамсар ва дигаре бародари худро ба ҳалокар расонидаанд.
Тавре
дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад, санаи 15-уми июли соли 2020, тахминан соати
16:23-дақиқа марди 31-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо бародари ҳамсараш, марди
35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи мазкур дар роҳи автомобилгарди
«Восеъ-Ховалинг», дар кӯчаи 8-март вохӯрда, дар дохили автомашинаи тамғаи
“Опел-Астра”, ки ба марҳум марди 35-сола тааллуқ дорад, баҳсу муноқиша
намудаанд.
Сипас, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани марҳум аз ҷайби шими дар танаш
буда, 1-адад корди ошхонагии бо худ доштаашро гирифта, 6-маротиба дар аъзои
бадани марҳум задааст.
Дар натиҷа марҳум ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии
ноҳия ба ҳалокат расидааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои
оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини пойтахт
бо гумони одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 15-уми июли соли 2020, тахминан соати 20:00 дар хонаи
истиқоматиашон бо бародараш ҷавони 18-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол карда,
бо корди дар дасташ буда 1-маротиба дар қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба
ҳалокат расидааст.
Шарҳ