Ду мансабдор барканор шуданд. Барои арча, ё тағйироти маъмулии кадрӣ буд?

Дар пасманзари оташ гирифтани арчаи солинавӣ дар маркази ноҳияи Вахш сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш бо муовинаш аз мансаб барканор шудаанд.

Тибқи иттилои мавҷуда, сабаби барканории сардори ШВКД-и ноҳияи Вахш Алишер Неъматзода ва муовини ӯ Сафар Абдуллоев барои таъмини бехатарӣ дар назди арчаи солинавӣ нагузоштани навбатдор гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи ВКД Тоҷикистон, барканории ӯро тасдиқ карда, вале гуфтааст, ин «тағйироти маъмулии кадрӣ буд».

Ёдовар мешавем, ки Алишер Неъматзода аз шарҳи масъалаи барканориаш аз мансаби сардори ШВКД-и ноҳияи Вахш худдорӣ кардааст.

Навори оташ гирифтани арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахш рӯзи 3-юми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд ва вокунишҳои зиёди корбаронро ба дунбол дошт. Дар ростои он аз Идораи оташнишонии ноҳияи Вахш ба расонаҳо гуфтаанд, ки арча бар асари оташбозии се кӯдак сӯхта, нисбат ба волидони кӯдакон протокол барои ҳуқуқвайронӣ тартиб дода шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.