Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ду медал аз “Бачагони Осиё”

Ду медал аз  «Бачагони Осиё»

Бозиҳои варзишии байналмилалии «Бачагони Осиё», ки 5 июл оғоз шуда, то 17 июли соли равон дар кишвари Ёқутистони Федератсияи Русия ҷараён мегирад, барои варзишгарони навраси Тоҷикистон ду медал овард.

Тавре сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст, паҳлавони наврас Шоҳрух Саидов дар набарди гуштии тарзи озод дар вазни 35 кг ба гирифтани ҷойи дуюм ва медали нуқра мушарраф гардид. Ҳамдастаи ӯ  Афзалшои Ҳикматуллҳо дар вазни то  50 кг мақоми сеюм ва ҷоизаи биринҷиро ба даст овардааст.

Ҳамзамон, таъкид карда мешавад, ки дар 11 рӯзи мусобиқаи «Бачагони Осиё» 321 маҷмӯйи  медалҳо барои 22 намуди варзиш муқаррар карда шудааст. Дар онҳо зиёда аз 3,3 ҳазор варзишгарони  наврас аз 38 кишвар дастаҳои мунтахаб ширкат меварзанд.

Тоҷикистонро дар бозиҳои мазкур беш аз 20 варзишгари наврас дар мусобиқаҳои  бокс (писарону духтарон), гуштии тарзи озод, ҷудо ва самбо муаррифӣ мекунанд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.