Ду медали тиллои карате-дочиён аз Ҷоми ҷаҳонии Гурҷистон

Карате-дочиёни тоҷик дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон байни ҷавонону калонсолон, ки дар шаҳри Батумии кишвари Гурҷистон баргузор шуд, ду медали тилло ба даст оварданд. Дар мусобиқа 80 нафар карате-дочии 30 кишвари олам иштирок карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ду варзишгар аз вилояти Суғд бомуваффақият муаррифӣ намуданд. Яке аз онҳо Далер Баротов дар вазни то 60 кг миёни варзишгарони аз 18-сола боло ҷойи якумро ишғол кард. Дигарӣ Алишер Қаюмов дар байни ҷавонон ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфта, соҳиби медали тилло шуд.
Имрӯзҳо Далер Баротов ва Алишер Қаюмов ба чемпионати Осиё, ки соли 2017 дар Индонезия доир мешавад, омодагӣ мебинанд.

Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *