Ду мушкили барқчиён: Тоҷикистон кай бо барқ таъмин мешавад?

Бо вуҷуди талошҳои зиёди Ҳукумати кишвар имсол низ дар мавсими зимистон кишвари мо ба мушкили норасоии барқ гирифтор шуд. Имрӯз лимити ғайриинтизор мавзӯи асосии суҳбати расонаҳо аст. Чаро боз лимит баргашт? Оё Тоҷикистон иқтидор дорад, ки кишварро комилан бо барқи доимӣ таъмин кунад?…

Истиқлолияти энергетикӣ

Пас аз ба кор даромадани агрегати якуми НБО — и “Норак” ва дар ҳайати Системаи Муттаҳидшудаи Энергетикии “Осёи марказӣ ва Қазоқистон” ба фаъолият шурӯъ намудани Системаи электроэнегетикии (СЭЭ) Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат шароиту имкониятҳои хуб фароҳам оварда шуд. Ба истифода додани яке аз корхонаҳои бузурги истеҳсоли алюминий “Ширкати Алюминии Тоҷик” дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ мисоли равшан шуда метавонад.

Сохтори СЭЭ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон давра низ ба мисли имрӯз буд: зиёда аз 90% — и барқ дар неругоҳҳои барқии обӣ (НБО) истеҳсол мешуд; дар маҷмӯъ, иқтидори неругоҳҳои ҷумҳурӣ барои таъмини хоҷагии халқ ва аҳолӣ басанда буд; дар тобистон истеҳсоли барқ барзиёд буду дар мавсими зимистонгузаронӣ камчин.

Дар ҳамон давра байни СЭЭ собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ интиқоли байнидавлатии барқ (межправительственный переток электроэнергии)  амал мекард. Аз сабаби он ки СЯЭ Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард ва ҳамаи СЭЭ собиқ Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ дар итоати Вазорати энергетика ва электрофикатсияи ИҶШС буданд, интиқоли барқ (доду гирифти барқ) таҳти назорати қатъии Хадамоти марказии  СЯЭ СССР, дар асоси тавозуни (баланси) шабонарӯзӣ, моҳона ва ё солона амалӣ мегашт. Тибқи ин додугирифт (приём пердача) СЭЭ Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки нерӯгоҳҳои барқиашон асосан бо сӯзшворӣ (газ, мазут, ангиштсанг) кор мекард, дар фасли зимистон тақрибан 4-6 млрд кВтс. ба СЭЭ Тоҷикистон  барқ интиқол медоданд ва дар фасли тобистон баръакс аз СЭЭ Тоҷикистон  миқдори интиқолшудаи барқро қабул менамуданд.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ то соли 1995 муносибати тавозунии солонаи интиқоли байнидавлатии барқ байни ҷумҳуриҳои номбурда ва Тоҷикистон дар асоси созишнома идома ёфт. Солҳои 1995 — 1996, роҳбарияти Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба роҳбарияти Тоҷикистон хабар доданд, ки аз сабаби гарон будани нархи (тарифи) барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои интиқолу қабули барқ бо кишвари мо яктарафа қатъ карда шуд ва бо оғози мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 1995 — 1996 дар ҷумҳуриамон маҳдудкунии шадиди барқ оғоз гардид…

Бо назардошти вазъи баамаломада дар ҷумҳурӣ, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.               

Таҳти сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар давоми 15-20 соли охир тағйироти назаррас амалӣ гаштаданд.

Бо мақсади рафъи хатарҳо ба амнияти энергетикӣ ва таъмин намудани минтақаҳои дурдасти кишвар бо барқи арзон, бидуни таъсири манфӣ ба муҳити зист, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи дарозмуддати бунёди нерӯгоҳҳои хурд дар давраи солҳои 2009-2020-ро қабул намуд. Мувофиқи он то соли 2020 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200 НБО-ҳои хурду калон сохта шуданд, ки иқтидори умумии насбшудаашон 103181 кВт ва истеҳсоли солонаи неруи барқ 641645,9 ҳазор кВт соатро ташкил медиҳад. Инчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҷдиду таъмири  “МБГ — 1”, «Дегхонаи ғарбӣ», ва “Дегхонаи шарқӣ”– и шаҳри Душанберо барои бо гармӣ таъмин кардани қисми ш.Душанбе ҳал намуд, ки ин мушкилот низ яке аз масъалаҳои асосии таъмини амнияти энергетикӣ мебошад.

Мо чӣ иқтидор дорем?           

Дар тӯли даҳ соли охир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз имзои як қатор созишномаҳои байнидавлатӣ бо мақсади ба даст овардани “Амнияти энергетикӣ” якчанд иншоотҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳимро сохта ба истифода дод, ба монанди: НБО “Сангтӯда – 1” (иқтидори васлшуда — 670 МВт); НБО “Сангтӯда – 2” (иқтидори васлшуда — 220 МВт); МБГ — 2  –и Душанбе (иқтидори васлшуда — 400 МВт ва гармӣ – 235 Гкал.).        

Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона, бидуни сармояи хориҷӣ сохтмони НБО “Роғун”-ро, ки яке аз бузургтарин НБО дар ҷаҳон аст, бо насб кардани 6 агрегат,  иқтидори 3600 МВт – ро дорост, аз нав оғоз намуд. То имрӯз 2 агрегати муваққатӣ бо иқтидори эҳтимолии 300-400 МВт ба кор дароварда шудааст ва бо ҳамин таъмини амнияти электроэнергетикии кишвар асосан амалӣ гадид. Ҳоло ба шароити шадиди буҳрони иқтисодӣ нигоҳ накарда, сотмони ин иншооти бузурги аср бо муваффақият идома дорад.

Дигар воқеаи муҳим моҳи ноябри соли 2009 СЭЭ –и “Ҷануб” ва “Шимол”-и ҷумҳуриамон ба ҳам пайваст”. Агар ин амр амалӣ намешуд, тасаввур кардан душвор аст, ваъияти вилояти Суғд чӣ мешуд…

Ҳол он ки дар ҳамон давра талаботи вилоят ба нерӯи барқ бо назардошти маҳдудкунӣ дар як шабонарӯз ба 12-14 млн.кВт соат баробар буда, НБО “Қайроққум”, ки ягона дар вилоят истеҳсолкунандаи нерӯи барқ мебошад, дар як шабонарӯз 2,2-2,5 млн.кВт соат неруи барқ истеҳсол мекарду халос.

Инак,  аз соли 2018 орзуи деринаи мардуми Ватани азизамон амалӣ гардид, зеро тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолӣ бо барқи доимӣ таъмин гаштанд, яъне маҳдудгардонии барқ дар ҷумҳурӣ пурра аз байн бардошта шуд.

Аммо мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 барои барқчиёни кишвар якбора ду мушкилоти вазнинро ба вуҷуд овард, якум камобӣ ва дуюм зимистони сарди тӯлонӣ. Ҳар ду мушкилот ҳам ин аз табиат вобаста буда, дар як чанд сол як маротиба такрор мешавад ва вазъияти фавқулода мебошад ва дар муддати кӯтоҳ паси сар мешавад.

Фардо сухани ман туро мард кунад…

Ҳоло ёд меорам аз давраи баччагӣ.., дар синфи 6 таҳсил менамудаму нархи 1 кВт соати барқ барои деҳот 1-тини пули соли 1961 буд. Бо бародарам Мирзобек, ки дар синфи 8 таҳсил менамуд, ҳар саҳар соати 6-00 ва бегоҳ соати 21-00 ба чорвое, ки дар ҳавли нигоҳ медоштем хӯроку (коҳу алаф) об медодем. Ҳар вақте ки аз хонаи умумӣ (зали ҳамонвақта) мебаромадем аз даҳлез сар карда, айвон, роҳрав, коҳдон (анбори хӯроки чорво) ва оғили чорво барқро пай дар пай пайваст карда, корро иҷро мекардем дар бозгашт, баръакс пай дар пай хомӯш карда, то хонаи умумӣ бармегаштем ва вазифаро бо бародарам бо навбат иҷро мекардем. Як бегоҳ пайваст ва хомӯшкунии неруи барқ ба зиммаи ман буд, дар бозгашт хомӯш кардани барқи коҳдон фаромӯш шудааст, падар мебароянд, ки барқи коҳдон фурӯзон аст. Албатта хомӯш мекунанд ва ба хона даромада ба ман эроди сахт гирифтанд, вақте ки ба чашмонам ашк ҳалқа мезад, гуфтанд: “Имрӯз суханони ман туро дард кунад. Фардо суханони ман туро мард кунад.”

…Имрӯзҳо хусусан дар давраҳои маҳдудкунии барқ, агар волидайн гӯянд, ки писарам чароғи айвону даҳлезро хомӯш кун, фарзанд ҷавоб медиҳад, падарҷон саросема нашавед, соатҳои 22 ё 23 горсет (идораи шабакаҳои барқӣ) худаш хомӯш мекунад…

Имӯзҳо барои мутахассисони соҳа давраи хеле вазнин аст ва мо сокинои кишвар онҳоро бояд дастгирӣ намоем ва нерӯи барқро оқилона, яъне сарфаҷӯёнаву самаранок истифода барем.

Шакарбек Самадӣ,

номзади илмҳои иқтисодӣ,

устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *