Ду нафар ҳалоку се нафар захмӣ: ҷаппашавии мошин дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, Шарипов Ҳасан Тоирович, соли таваллудаш 1990 ва Гадоева Марҷона Баҳриддиновна, соли таваллудаш 1992, сокинони шаҳри Душанбе дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” ҳалок шуданд.

Тибқи иттилои ВКД рӯзи 15-уми май, тахминан соати 02:30-дақиқа, дар 83-км шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, Нозимов Сайдо Собирович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми аз самти шаҳри Душанбе ба тарафи шаҳри Кӯлоб ҳаракат намуданаш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори рости роҳ чаппа кардааст.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ, мусофирони автомашинаи мазкур Шарипов Ҳасан Тоирович, соли таваллудаш 1990 ва Гадоева Марҷона Баҳриддиновна, соли таваллудаш 1992, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи автомашина Нозимов С.С ва мусофирони дигараш Каримова Дилфуза Абдуллоевна, соли таваллудаш 1986 ва Юнусов Муҳаммадҷон Муродалиевич, соли таваллудаш 1993, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *