Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ду парвози ширкатҳои русӣ ба Душанбе

Ширкатҳои  ҳавопаймои “Сибирь” ва «Уральские авиалинии»-и Русия ба хотири баровардани шаҳрвандони Русия аз қаламрави Тоҷикистон ба Душанбе парвоз хоҳанд кард. Дар ин бора Asia-Plus  хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ рӯзи 30 апрел ду парвоз аз пойтахти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ширкати “Сибирь” аз Душанбе ба Новосибирск ва ширкати «Уральские авиалинии» аз Душанбе ба шаҳрҳои Сургут ва Екатеринбург парвозҳо анҷом медиҳанд.

Ин маълумотро сафорати Русия дар Тоҷикистон интишор кард:

“Ёдрас мекунем, ки ба ин хатсайрҳо танҳо шаҳрвандони Русия, ки намунаи варақаро дар портали “Госуслуги” пур кардаанд (маълумоти муфассал дар сомонаи сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2020 — https://goo.su/0Wqw), роҳ дода мешаванд”, — қайд мешавад дар маълумоти намояндагии дипломатии Русия.

Дар маълумот ҳамчунин зикр шудааст, ки парвоз тариқи ин хатсайрҳо бо дастрасии иҷозаи дахлдори мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон сурат мегирад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.