Ду писари узви Шӯрои вилояти Қандаҳорро афроди мусаллаҳ куштанд…

Манбаи мӯътамади амниятӣ дар вилояти Қандаҳор тасдиқ кард, ки афроди мусаллаҳ ду писари Фадо Муҳаммад Афғон, узви шӯрои ин вилоятро куштанд/

Ин манбаъ, ки нахост номаш дар ин хабар нашр шавад, гуфт, ки ин ҳодиса шаби гузашта дар вулусволии Спин Болдаки ин вилоят рух додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истино ба рӯзномаи “Иттилооти рӯз”.

Манбаъ меафзояд, ки афроди мусаллаҳ аввал фарзандони Фадо Муҳаммад Афғонро аз хонашон берун бурда ва сипас ба қатл расонданд.
Дар ин рванд манбаъ таъкид кардааст, ки омилони ин ҳодиса ҳанӯз мушаххас нашудаанд.

Ҳамин манбаъ иттилоъ додааст, ки писарони ин узви Шӯрои вилояти Қандаҳор мумкин тавасути Толибон (созмони мамнӯъ дар қаламрави Русия), ки вулусволии Спин Болдакро дар ихтиёри худ доранд кушта шуда бошанд.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи Толибон ҳанӯз дар ин маврид чизе нагуфта аст.

Вилояти Қандаҳор дар ҷануби кишвар аз вилоятҳои ноамн аст, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон дар бахшҳои аз ин вилоят ҳузур ва фаъолияти густурда доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *