Рӯзи гузашта бар асари садами нақлиётӣ дар Тоҷикистон ду нафар ҷон бохтаанд. Ду рӯзе қабл дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон чаҳор нафар, аз ҷумла, ду кӯдак ҳалок шуданд.

Рӯзи гузашта бар асари садами нақлиётӣ дар Тоҷикистон ду нафар ҷон бохтаанд. Ду рӯзе қабл дар як  садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон чаҳор нафар, аз ҷумла, ду кӯдак ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 3 июн Элдор Аҳмадов, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ва сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Ғулакандоз-Меҳробод” аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.

Бар асари ин садама мусофири автомашина Заррина Саидоваи 25-сола дар маҳали ҳодиса ҳалок шуда ва ронанда бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шудааст.

Рӯзи 2-юми июни соли 2019 Ҷумъаназар Гулбоев, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико-Дайво»,  сокини деҳаи Хоҷабулбулони ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат ба ҷӯйбори канори роҳ чаппа шуда ва ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *