Ду театр ва даҳ хонаи Мақсуд Икромов

Мақсуд Икромов. Чеҳраи нуронии ин марди шарифу инсони равшанзамир ҳеҷ гоҳ аз ёдам намеравад.

Солҳои мактабхониям ин чеҳраи гарму зеборо аз тариқи барномаи“Ахбор”-и Телевизиони тоҷик зуд- зуд тамошо мекардем. Ӯ он солҳо чун муҳандиси бинокор дар корхонаи сохтумоние фаъолият намуда, ҳамзамон бо доштани нутқи буррову садои хуш ва чеҳраи зебо ба ҳайси наттоқи телевизион низ чеҳранамоӣ мекард.

Чанд муддате дар вазифаи раиси шахри Кӯлоб баҳри ободиву шукуфони ин шаҳри куҳанбунёд хизмат кардааст.

Дар заминаи бунёдкориҳову таҷрибаи неки роҳбарӣ андӯхтанаш М.Икромовро раиси шаҳри Душанбе таъин мекунанд ва марҳилаи ҳамчун шахсият ба камоли обрӯву эътибор расидани ӯ маҳз ҳамин давра маҳсуб мешавад.

Дар ин давра пойтахти тоҷикон яке аз сарсабзтарину тозатарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб мешуд. М.Икромов барои ободиву шукуфоии ин ҷавоншаҳри тоҷикон аз субҳи содиқ то дили шаб заҳмат мекашид. 

Шаҳрвандони пойтахт дар мавриди обу газу гармиву дигар Хадамоти коммуналӣ ва хизматрасонии маишиву нақлиёти шаҳрӣ ягон душвориву нуқсонеро эҳсос намекарданд.

Мақсуд Икромов, роҳбари кордону ботадбир ва инсони басо бомаърифату бофарҳанге буд. Аҳли илму адаб, фарҳангу ҳунарро бисёр дӯст медошту бо эҳтироми бепоён қадршиносӣ мекард. М.Икромов дорои эҳсоси худшиносиву ифтихори баланди миллӣ буд.

Лаҳзае аз лаҳзаҳо:

Дар телевизион (он вақтҳо ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ доштем) бо ибтикори коргардони маъруф Соҷида Ғуломова (рӯҳашон шод бод!) намоишеро тамрин мекардем. Рӯзе Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Абдулхайр Қосимов (бо тахаллуси“Қосимча”) ба тамрин чанд дақиқа дер карда омаданд, вале таъбашон хушу болида буд. Соҷидаапа бо шӯхиву нармии ба худашон хос пурсиданд:- «Муаллим, дер кардан одати шумо набуд. Чӣ шуд? Моро андаке хавотир кардед!»

-Бахшиш мепурсам духтарам, — гуфтанд устод, ба назди Мақсудҷон даромада будам. Барои худаму ҳамсарам аз оромгоҳи Сари Осиё ду ҷой барои хонаи охиратамон хоҳиш кардам.

-Охир ҳоло барвақт-ку, муаллим?! -бо лутфу зарофат гуфтанд Соҷидаапа:

-Мақсудҷон ҳам ҳаминро гуфт, вале ман мехоҳам, ки дар зиндагиям ҳаққи замину ҳаққи ҳалоли қабрканҳоро пардохт карда, рӯҳан ором шавам. Мақсудҷон бисёр инсони хуб аст, илоҳо сад сол умр бинед, гуфту ҳоҷатамро буд кард ва барои замин пул ҳам нагирифт, вале қабрканҳоро ҳатман бояд розӣ кунам.

Мақсуд Икромов бо ташаббусу таваҷҷуҳи хосаи худ ба бунёди ду театри шаҳрӣ асос гузоштааст.

1)Театри овозадори тамошобини наврас ”Аҳорун”, ки парчами обрӯву ифтихори фарҳанги миллии моро бо роҳбарии ҳунарпеша ва коргардони беназири саҳнаи тоҷик Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фаррух Қосимов дар бисёр мамолики Шарқу Ғарб парафшон кардааст.

2)Театри намунавии миниатюраи “Оина” бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, устод Убайдулло Раҷабов. Ин театрҳо зери сарпарастии Раёсати фарҳанги пойтахт ба фаъолият оғоз намуданд ва раиси фарҳангдӯсти шаҳр М.Икромов онҳоро бо нақлиёт ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин намуда, ният дошт, ки барои ҳар ду театри шаҳрӣ биноҳои замонавӣ бунёд кунад….

Ӯ нияту нақшаҳои зиёде дошт, ки аксари онро имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷавонмардона ба сомон мерасонад…

Лаҳзаи дигар:

Он солҳо (солҳои даврони Иттиҳоди Шӯравӣ) кормандони корхонаву муассисаҳои шаҳр барои дарёфти манзил дар иттифоқҳои касабаи назди коргоҳи худ дар навбат номнавис мешуданд, вале, мутаассифона, ба кормандони соҳаи фарҳанг бисёр кам хона медоданд (ба истиснои кормандони Кумитаи радиову телевизион) бештари аҳолии Душанбе русҳо буданду имтиёзи бештаре доштанд.

Мо як гурӯҳ ҳунарпешаҳои ҷавони театр солҳои дароз (банда ёздаҳ сол) дар интизории навбати хона азобу ранҷи зиёди иҷоранишиниву саргардониҳоро таҳаммул мекардем.

Дар асари ин сарсониву оворагиҳо ман писари калонии худро, ки яксола буд, аз даст додам. Ҳампешаам Муҳаммадҷон Шодиев ду ҷигарбанди худро ба хок супорид…

Яке аз рӯзҳои соли 1989 ман ба Муҳаммадҷон пешниҳод кардам, ки ба назди раиси шаҳр Мақсуд Икромов даромада, арзи дил кунем, ҳатман муродамон ҳосил хоҳад шуд, зеро дар хусуси ҷавонмардиҳову инсондӯстиҳои раиси дилогоҳу фарҳангпарвар Маҳсудҷон Икромов зиёд шунида будем…

Дар қабулгоҳи ӯ зиёд интизор нанишастем. Бо ихлосу эҳтироми зиёд моро пазируфта, ботаҳаммул дарди диламонро шунид. Ману Муҳаммадҷон зимни арзи матлаб аз ҳаводиси аз сарамон гузашта ёдовар шудему гиристем. Дар чашмони раиси дилогоҳу дардошно, инсони нексиришту хайрхоҳ, хоксору фурӯтан Мақсудҷон Икромов низ ашк ҳалқа зад. Бо камоли мардонагиву одамият, бо лаҳни хушу меҳру шафқати бепоён моро то беруни дар гусел карда, ваъда дод, ки мушкили моро дар худи театр дар ҳамин рӯзҳои наздик ҳал хоҳад кард… ва бо лутфи ҷавонмардонаи худ раиси шаҳр кормандони моро бо даҳ хона, даҳ манзили чорҳуҷрагиву сеҳуҷрагӣ сарфарозу саодатманд гардонд.

Дар марҳилаҳои ҳассосу тақдирсози миллат ӯ ҳамеша ҷонибдори адолату ҳақиқат, ҷонибдори равшанфикрону равшандилон, ҷонибдори истиқлолияту озодӣ, ҷонибдори ифтихору худшиносии миллӣ, ҷонибдори маърифату равшанӣ буд ва пайваста алайҳи торикиву ҷаҳолат, беномусиву бешарафӣ исён дошт.

Ортиқ Қодир,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *