Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ду шаҳрванди Покистон, ки дар Тоҷикистон ба муддати 5 сол зиндонӣ шуда буданд, авф шуда ва аз маҳбас озод шудаанд.

Бино ба иттилои Сафорати Покистон дар Душанбе, шаҳрвандони ин кишвар Асҷад Маҳмуд ва Кошиф Алӣ аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон афв шудаанд.

Қаблан Маҳмуд Қурайшӣ, вазири корҳои хориҷии Покистон  масъалаи афви шаҳрвандони кишварашро бо мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон матраҳ карда буд.

Тибқи хабари Сафорати Покистон ду шаҳрванди ин кишвар рӯзи  18 ноябри соли ҷорӣ аз Душанбе озими шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар рӯзи 25 октябри соли 2019  дар парлумон тасвиб ва худи ҳамон рӯз аз ҷониби Президент имзо шуда буд.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, феълан Қонуни афв нисбати зиёда аз 10 ҳазор нафар татбиқ шуда ва беш аз 6 ҳазор нафар аз маҳбасҳо озод шудаанд.

Тибқи ин санади ҳуқуқӣ дар канори занону наврасон ва пиронсолону маъюбон шаҳрвандони хориҷӣ низ афв шуда ва аз маҳбас озод мешаванд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.