Духтар модари худро кушт

Тавре,ки аз манбаъҳо ғайрирасмӣ ба «Тоҷикистон таймс» хабар расид, дар деҳаи Комунизми шаҳри Ваҳдат баъд аз нисфирузии 19-уми сентябр духтаре модари худро зада куштааст.

Барои тасдиқи ин овоза бо яке аз ронандаҳои автовокзали шаҳри Ваҳдат ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ, ки нахост номаш ифшо шавад  гуфт, ки дар ҳақиқат дар деҳаи Комунизм, ки маъмул бо номи “Оби шурак” аст, чунин як ҳодиса рух додааст. Сабаби даст ба куштор задани духтар ҷанҷоли байни ӯву модараш дар мавриди мошинронии духтар будааст. Модараш нагузоштааст, ки духтараш мошини дар хонаашон бударо ронад ва аз ин рафтори модар духтар ба ғазаб омада, ӯро зери мушту лагад мегирад, ки дар натиҷаи бардоштани ҷарроҳатҳои ҷисмонии зиёд модар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Барои тасдиқ ё радди ин хабар ба дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ занг задем. Аз онҷо ба мо гуфтанд, ки ҳар хабаре, ки дар сомони вазорат гузошта мешавад, тасдиқ шудааст ва аз он ҷо истифода баред. Вақте, ки ба сомона ворид шудем, дар ин бора чизе гуфта нашуда буд. Тафсилоти бештар аз ҷои ҳодиса дар кӯтоҳтарин муддат ба нашр мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *