Духтарчаи дусола дар садама ҳалок гардид

Рӯзи 4-уми феврали соли 2019, тахминан соати 18:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Алимардонов Айниддин Ҳазратқулович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Кӯлоб», дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи ронанда, Искандаров Хушнуд Яқубович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ховалинг, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», хурдсол Саломатова Амина Тоҷиддиновна, соли таваллудаш 2018, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Саломатова Мадина Худойбердиевна, соли таваллудаш 1982, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

ВКД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *