Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Духтари Сафармуҳаммад Аюбӣ муҳтоҷи ёрӣ аст (видео)

Дилрабо Аюбӣ, сароянда ва ҳамзамон духтари шоир ва драманависи тоҷик шодравон Сафармуҳаммад Аюбӣ бо шикояте ба идораи сомонаи Pressa.tj омад.

Ӯ аз рӯзи танг ва норасоиҳои зиндагияш қисса кард ва гуфт, ки ба дастгирӣ ниёз дорад.

Дилрабо Аюбӣ мегӯяд: “Ман ҳоло зиндагии вазнин дорам. Ду духтар дорам, ки яке 7 фарзанд ва дигаре 1 кӯдак доранд. Духтари дуюмам аз оилааш ҷудо шудааст. Ягона писарам дар хизмати ҳарбӣ аст. Ҳоло ба кӯмаку дастгирии ҳамватанони азизам эҳтиёҷ дорам”.

Ба гуфтаи Дилрабо, айни замон дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Душанбе зиндагӣ карда намешавад, зеро шароиташ бад ва дар он ҷо одам нафасгир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Сафармуҳаммад Аюбӣ зодаи шаҳри Кӯлоб ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Ӯ мухбири чандин рӯзномаҳои маҳаллӣ ва инчунин, хабаргузориҳои ТоҷикТА, ТАСС ва ИтарТАСС (1976-1993), сармуҳаррири шуъбаи фарҳангу адабиёти ТВТ(1993-1995), сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (1995-1997) ва мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (1997-2008) буд. Аз соли 2008 ба нафақа баромад, машғули фаъолияти эҷодӣ буд.
Сафармуҳаммад Аюбӣ 22-феврали соли 2011 аз олам даргузаштааст. Ӯ дар мазори Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.