Душанбе: Ҷамъбасти Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкорӣ

Маросими ҷоизасупории Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ҷамбаст гардид.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 — уми ноябри соли 2021 таҳти рақами 652 аз 15 то 20 — уми ноябри соли 2021 Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе эълон гардида буд.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки “ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ,  омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии  ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон мебошад”.

Дар рӯзи аввали Ҳафта барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ дарси маҳорат оид ба барномасозӣ ва барои муовинони директорони муассисаҳои таълимии пойтахт семинар — машварат ташкил карда шуд. Ҳамзамон Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъоляти Ҷамъиятии илмӣ — эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар рӯзи дуюм ва сеюми Ҳафта Конференсияи илмӣ — эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз бахши фанҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ ва табиӣ- риёзӣ ба кори худ оғоз кард. Дар умум дар Конференсияи илмӣ аз ҷониби хонандагон зиеда аз 300 лоиҳаҳои эҷодӣ пешниҳод карда шуд, ки аз миёни онҳо 117 нафарашон бо дипломи дараҷаҳои 1,2,3 ва 11 нафарашон аз рӯи бахшҳои алоҳида соҳиби шоҳзоиза гардиданд.

Инчунин, рӯзҳои сеюму чоруми дафта Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба техналогияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба инобати муаррифии барномаҳои иноватисионии иштирокчиёни бахшҳои озмуни Ҳафтаи илм техналогияи инноватсия ва ихтирокории наврасону ҷавонони шаҳи Душанбе баргузор карда, шуд ки дар он зиёла аз 35 лоиҳаҳои иноватсионӣ аз ҷониби хонандагон муаррифӣ гардида, дар умум муаллифони 6 лоиҳаи беҳтарин инноватсионӣ шоҳҷоизаи озмунро ба даст оварданд.

Рӯзи панҷуми ҳафта дар толори  Муассисаи давлатии Марказӣ дарёфт ва рушди истеъдодҳо назди Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор карда шуд, ки дар он ихтироъкорони наврас 28 лоиҳаи худро муаррифӣ намуда, аз байни онҳо 4 лоиҳаи беҳтарин сазоворӣ шоҳҷоиза гардид.

Ғолибон бо тӯҳфаҳои таъсис намудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби муовини раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода сарфароз гардонида шуд.

Сарвинози Сайдалӣ, коромӯзи Pressa.tj

Ҳалима Шобекова, аккос, коромӯзи Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *