Душанбе: Ба сокинон моҳияти одоби шаҳрнишиниро мефаҳмонанд

Дар шаҳри Душанбе оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон гурӯҳи таблиғотӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора дирӯз, 29 январ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додаанд, мақсад аз таъсиси гурӯҳи мазкур шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба иттилои манбаъ, аъзои гурӯҳ моҳияти одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ, терроризму ифротгароӣ ва таҳкими муносибати некбинона бо меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷиро миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт шарҳу тавзеҳ хоҳанд дод.

Рустами Эмомалӣ бо қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳри Душанберо ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани вохӯриҳои ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ вазифадор намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *