Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Душанбе соҳиби беморхонаи сайёр мешавад

Рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе беморхонаи сайёр ба истифода дода мешавад. Беморхона иборат аз даҳҳо кантейнерҳои махсуси тиббӣ буда, ки якҷо бо таҷҳизотҳои махсуси нафасрасонии сунъӣ (ИВЛ) аз Ӯзбекистон оварда шудаанд. Дар ин бора телевизиони «МИР 24» гузориш медиҳад.

«Дар мо беморӣ пештар оғоз шуд ва мо таҷриба дорем. Мо мехоҳем ба аҳолӣ фаҳмонем, ки бо он чӣ гуна бояд мубориза баранд. Бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Тоҷикистон мустақиман роҳбарияти Вазорати тандурустии мо дар тамос аст, мо метавонем хизматрасонии тиббии телевизионӣ ва видеоконференсия ташкил кунем. Бо мо мутахассисони бемориҳои сироятӣ ва реаниматологҳо омаданд. Мо саъй хоҳем кард, ки ин касалиҳоро якҷоя бартараф созем», -гуфт мудири шӯъбаи Академияи тиббии Тошканд Неъматҷон Иброҳимов.

Дар варзишгоҳи «Бофанда»-и шаҳри Душанбе ҳоло ба ҷои майдони футбол чоҳҳо канда шудаанд. Дар ин ҷо қубурҳои обгузар гузошта мешаванд. Қубурҳо ба контейнерҳои тиббӣ, ки чанде пеш аз Ӯзбекистон тавассути роҳи оҳан ба Душанбе, ҳамчун ёрии башардӯстона оварданд , насб мешаванд.

«Ҳар як контейнер як ҳуҷраи хурд мебошад, ки дар он барои табобат ва зист шароити зарурӣ мавҷуд аст. Дар як ҳуҷра чаҳор нафар ҷойгир хоҳанд шуд. Кӯшиш доранд бемористонро ҳарчи зудтар ба истифода диҳанд»- иброз дошт директори Идораи обёрии Душанбе Мирзошариф Исматзода. Ба гуфтаи ёрдамчии муҳандис, беморхонаи сайёр сарбориро ба беморхонаҳо коҳиш дода, ба минтақаи карантинӣ табдил хоҳад ёфт. Рӯзи душанбе онҳо ба қабули беморони нав шурӯъ мекунанд. МИР-24 ҳамзамон афзуд, ки ин дуюмин кӯмаки башардӯстона дар як моҳ аз ҷониби Ӯзбекистон аст.

Аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттило доданд, бо назардошти вазъи мавҷуда Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қаблан ба Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳр дастур доданд, ки ба таври илова чанд беморхонаҳои муваққатӣ барои зиёда аз 3000 (се ҳазор) кат ҷиҳати табобати гирифторони COVID-19 бо фароҳам овардани ҳама шароити муосир, алахусус бо ҷалби мутахассисони баландихтисос, таъмин намудани таҷҳизоти тиббии сифаташон баланд ва дорувории зарурӣ ташкил карда шаванд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.