Душанбеву Тошканд пас аз 25 сол созиш карданд

Парвозҳо миёни Тошканду Душанбе, ки тайи тақрибан 25 соли охир қатъ шуда буд, аз моҳи январи соли 2017 оғоз меёбад. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон  гуфтааст, дар ин бора рӯзи 30 ноябр миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Вай афзуд, парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз тарафи Узбакистон «Узбекистон ҳаво Йуллари» ба роҳ монда, дар як ҳафта ду бор парвоз анҷом мешавад. «Имрӯз ба ин тавофуқ расидем ва то моҳи январ бояд тамоми омодагиҳоро бинем», — афзуд ӯ.

 Ба гуфти сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт, Юсуф Раҳмон, «дар навбати аввал тавассути ин хатсайр ҳамлу нақли мусофирони транзитӣ ва нафароне, ки мехоҳанд ба Узбакистон сафар намоянд, роҳандозӣ мешавад. Ин ба соҳаи авиатсияи ду ҷониб такони тоза мебахшад.» Мақомот афзуданд, дар оянда ҳамлу нақли бор низ ба роҳ монда хоҳад шуд, «зеро ин нукта дар протокол дарҷ шудааст».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *