Дузди лаъли Бадахшон дастгир кардашуд

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе санаи 24.10.с.2016, марди 24-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир гардид.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 16-адад сангҳои қимматбаҳои лаъли Бадахшон, дарёфт ва мусодира карда шуд. Муайян карда шуд, ки 1-карати сангҳои мазкур 1100-доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *