Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дуздии 6 сар чорвои калон дар рӯзи равшан

Баъд аз ғайб задани якбора 6 чорвои калони шохдор аз ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Ҳамадони соҳиби чорвоҳо марди 32-солаи ҳамин ноҳия ба ШВКД муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2019, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи хоҷагиаш, 6-сар чорвои калони шохдорро, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бини ба гуфтаи ҷабрдида зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар робита ба ин ҳодиса марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.