Дуздии оинаи нилгун, тилову ҷавоҳирот ва зарбаи корду мушту лагад

Тибқи иттилои ВКД дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27 ва ҷавони 23-солаи сокини шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд, ки якеашон пеш бо моддаи 244 қисми 2 ва дигарашон пеш бо моддаи 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.


Номбурдагон, 31-уми июли соли 2021, тахминан соати 12:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 45-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз он ҷо 1-адад оинаи нилгуни тамғаи «ЛҶ»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 5 ҳазору 100-сомониро ташкил медиҳад.


Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷӣноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Ҳамзамон ВКД хабар медиҳад, ки
яке бо корд заду дигаре бо мушту лагад


Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 23-юми августи соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо тағояш, марди 44-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба кафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Инчунин, нисбати ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки ӯ рӯзи 17-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар назди мағозаи «Набиҷон», воқеъ дар маҳаллаи 12-уми шаҳри мазкур бо марди 42-солаи сокини ҳамин шаҳр вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ӯро лату кӯб кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Тиллову ҷавоҳиротро ба ғорат бурд


Ва ВКД дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Темурмалик бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 15-уми июли соли 2021, бо ҳамроҳи пешдастгиршуда, марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур бо роҳи ошкоро ба хонаи истиқоматии зани 52-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва маблағҳои пулиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *