Дуздии зани 20 сола дар ҳаҷми 24 ҳазор сомони

Зани 20-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони дуздӣ дар ҳаҷми 24 ҳазор сомони дастгир карда шуд. Дар ин бора хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД.

Тавре манбаъ хабар медиҳад ба ШВКД дар ноҳияи Айнӣ бо ариза марди 51-солаи сокини ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи мазкур, пешхизмати ошхонаи «Бахтовар» муроҷиат намудааст, ки санаи 28-уми январи соли 2020, тахминан соати 08:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дохили ошхона, воқеъ дар деҳаи Кумарғ даромада, аз он ҷо 24 ҳазору 500 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 20-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *