Эҳтиёт бошед домана омадааст!

Дар пайи хуруҷи бемории домана дар хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ҷамоати “Бохтариён”-и ноҳияи Бохтар 5 зану кӯдак бистарӣ шуданд. Бо тасмими мақомоти беҳдоштӣ, пизишкон хона ба хона гашта, сокинонро аз назари эҳтимоли гирифторӣ ба ин беморӣ ташхис мекунанд. Бо машварати пизишкон, тақрибан 70 сокини вилояти Хатлон барои санҷиши эҳтимоли гирифторӣ ба домана ба бемористон фиристода шуданд.​

Ангезаи бемории чанд сокини Хатлонро ба домана дар ин охирҳо ҳам табибон ба истеъмоли оби дарё рабт медиҳанд.

Саидҷон Раҳимов, сардори идораи санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон хуруҷи ин бемориро дар ноҳияи Бохтар тасдиқ карда гуфт, ки ошкор шудани домана дар организми 5 сокини Хатлон мояи нигаронии табибон аст. Вай гуфт: «Ваъзияташон муътадил мебошад, дар назорат қарор доранд. Дар инҷо обҳои зеризаминӣ нест. Оби дарёи Вахш тариқи лӯлаҳо меояд, ки ҳамин сабаби беморӣ шудааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *