Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эҳтиёт, шамоли сахт дар Тоҷикистон!

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  Тоҷикистон аз ҳавои номусоид давоми ду шабонарӯзи оянда ҳушдор медиҳад. 

Аз ин ниҳод  гуфтааст,ки  14 ва 15 июли соли равон дар қаламрави кишвар борон ва шамоли сахт дар назар аст. Ба иттилои манбаъ, суръати шамол то ба 17-22 м/с мерасад. Дар робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон ва меҳмонон даъват кардааст, дар ин рӯзҳо барои бехатарӣ ҳангоми берун шудан аз манзилҳо тирезаҳои хонаҳоро баста, мошинҳои худро дар гараж нигоҳ доранд ё дар зери дарахтон намонанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъкид мекунад,ки  дар ҳолати рух додани шамол агар дар кӯча бошед, аз таваққуф зери овезаҳо худдорӣ намоед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.