Экспедитсияи Мегафон дар Бадахшон

Бо ташабуси Ширкати МегаФон аз 25-то 31  -уми соли ҷори дар ҳудуди ВМКБ иқдоми «Телеком экпедитсия-МегаФон дар боми ҷаҳон» баргузор гардид. Ба иттилои Суруш Раҳмонӣ- Менеджери лоиаҳои бузург ва ҳамкории минтақавии ширкат зикр намуд: Дар лоиҳа ҷавонони эҷодкор аз қабили хабарнигорон ва блогнависон иштирок мнамуданд. Лоиҳа аз тамошои хатсайрҳои машҳуртарини сайёҳии Тоҷикистон ба хусус Бадахшон иборат буда, зимни он сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интиқоли маълумот дар шабакаҳои 2G/3G » МегаФон Тоҷикистон» санҷида шуд.

0-02-01-0b828edc80702cc5016060a7c9e788b52b60f593ba3e98aeb956d7ae1105f206_full 0-02-01-8e480e740d8e1b1d3ed8923f4462b6659476490b5d9bf27e29791e6fbbfb2c33_full
Иштирокчиёни лоиҳа аз ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, Ишкошим ва маркази вилоят ш. Хоруғ боздид ба амал оварданд.
Тавре Суруш Раҳмонӣ қайд кард, ин лоиҳа соли дуюм аст, ки барпо шуда, мақоми байналмилалӣ гирифтааст. Мавсуф мегӯяд, насби антеннаҳои ширкат ба саломатии сокинон безарар аст, зеро зарарнокии он то ҳанӯз исбот нашудааст. Ба саволи оё МегаФон кадом ширкати мобилиро рақиби худ меҳисобад, С. Раҳмонӣ иброз дошт, ки «МегаФон» ягон ширкати мобилиро рақиби худ намешуморад, зеро ҳар ширкат роҳу равиши худро дорад. Ҳадафи асосии амалисозии чунин лоиҳа беҳтар намудани сифати алоқа ва ҷалби бештари муштариён аст.

0-02-01-79da927ca5ecf7f6e9994d676dba3d76464c891b04ef34d3f188bba90254b0d2_full

0-02-01-aaa5593e99763dbf855b6254ddb59f4d5a90c67b9a21b7a440376b6a9c712f33_full

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.