Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эмомалӣ Раҳмон барои 7 сол Президент интихоб шуд

Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои интихоботи президентӣ дар кишварро эълон кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Президенти амалкунанда бо гирифтани 90, 92 фоизи раъйи мардум ба мақоми Президенти кишвар интихоб шуд.

Бино ба маълумоти КМИР, ба ҷонибдории номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода 3,03%, Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода 1, 49%, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода 2, 15% ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев ҳамагӣ 1, 17 %-и интихобкунандагон овоз доданд.

Ба маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон беш аз 122 нафар нозирони байналмилалӣ аз Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ), ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, СҲШ, кишварҳои ҷудогона ва созмонҳои байналмилалӣ ташриф оварданд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj