Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳушдори Президент: Соли вазнин дар пеш аст, захира кунед!

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафи сафарҳояш ба шаҳру навоҳии кишварро шарҳ дода, аз фарорасии марҳилаи вазнин ҳушдор дод.

Президент дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки дар дунё соли бисёр вазнин омадааст ва тирамоҳу зимистон боз мушкилтар мешавад.

“Ҳадафи мо ҳамин аст, ки заминҳои обиро самаранок истифода бурдан даркор. Як сабаби омаданам ҳам ҳамин аст. Дар дунё соли бисёр вазнин. Тирамоҳу зимистон боз вазнин мешавад”, — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ аз нарасидани маводи озуқаворӣ ҳушдор дода, таъкид кард, ки истеҳсолот нест, ҳатто маҳсулоти парваридаро одаме нест, ки ҷамъоварӣ кунад.

“Ҳозир ҳам вақт ҳаст, тайёриро бинед, маҳсулоту сабзавот ҳаст, захира кунед. Ина падару бобоҳои мову шумо мекарданд”, — таъкид кард Раҳмон.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.