Эмомалӣ Раҳмон ба Нурcултон меравад. Тоҷикистон узви Иттиҳоди АвруОсиё мешавад?

29 май дар шаҳри Нурcултон ҷаласаи навбатии Шӯрои олии иқтисодии АвруOсиё доир мегардад. Дар наза аст, дар ин ҳамоиш президенти Тоҷикистон ширкат кунад.

29 май дар шаҳри Нурcултон ҷаласаи навбатии Шӯрои олии иқтисодии АвруOсиё доир мегардад. Дар наза аст, дар ин ҳамоиш президенти Тоҷикистон ширкат кунад.

Бино ба иттилои расонаҳои расмии Қазоқистон, ҷаласа ба муносибати 25-солагии пешниҳоди Нурсултон Назарбоев дар бораи ҳамгиройии авруосиёӣ ва 5-солагии имзои Шартнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) баргузор мешавад.

Дар ҷаласа президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти муваққатии ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, президенти Русия Владимир Путин, сарвазири  Арманистон Никол Пашинян иштирок мекунанд.

Ба унвони кишвари нозири ин ҳамоиш президенти Молдова Игор Додон ҳам ба шаҳри Нурсултон даъват шудааст. Интизор меравад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласа иштирок намояд.  Расонаҳои қазоқӣ  иттилоъ медиҳанд,  ки дар ҷаласа сарони кишварҳо масоили муҳим ва дурнамои рушди Иттиҳод, аз ҷумла самтҳои калидии фаъолият дар арсаи байналмилалӣ ва сиёсати макроиқтисодии Иттиҳодро барои солҳои 2019-2020 баррасӣ мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст қабули Изҳороти муштараки сарони кишварҳои узви Шӯрои иқтисодии АвруОсиё ба муносибати 5-солагии Шартнома дар бораи таъсиси ИИАО, ҳамчунин имзои як қатор санадҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Русия, Белорусия, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистонро ҷонибдорони идеяи Авруосиё «ангуштони як мушт» мегӯянд. Аммо то кадом андоза ин “мушт” ангуштони пурқувват дорад, вақт довар аст. Зеро онҳое, ки то имрӯз ба ин иттиҳод ворид гардидаанд, худро “ангушти пурқувват” эҳсос намекунанд ва баръакс ангушти маломат мегазанд. Ин панҷгона дар якҷоягӣ иттиҳодеро ташкил намудаанд, ки онро Иттиҳи иқтисодии Авруосиё меноманд ва иқтисодиёти кишварашонро рушд додан мехоҳанд. Аммо чаро Тоҷикистон аз чунин як иттиҳод берун аст? Магар ӯ “ангушти пурқувват” будан намехоҳад?

Борҳо гурӯҳе иборат аз коршиносони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, бартарию камбудии иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро мавриди баҳс қарор додаанд. Талоши коршиносони хориҷ аз кишвар ин буд, ки мақомоти Тоҷикистон барои узвият дар ин иттиҳоди иқтисодӣ ризоият диҳад. Аммо ин гуна ҳамоишҳо натиҷае надода, Тоҷикистон то ҳол майли воридшавӣ ба иттиҳодро надорад. Дар долонҳои ҳукумати Тоҷикистон миёни мансабдорон дар бораи эҳтимолияти ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аъзо шудани Тоҷикистон хомӯшӣ ҳукмфармост. Масъулин дар ин бора расман чизе намегӯянд. Баъзе аз таҳлилгарони масоили иқтисодӣ бошанд, ба узви ин созмон қабул шудани Тоҷикистонро аз манфиат холӣ намедонанд.
Аброр Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ ташкил шудани чунин иттиҳод барои кишварҳои Қазоқистон, Беларус, Русия ва Арманистон ва ахиран Қирғизистонро, муфид номид: «Бо вуҷуди он, ки нобаробарии рушди иқтисодӣ миёни кишварҳои аъзо вуҷуд дорад, аммо гардиши озоди мол, сармоя ва неруи корӣ миёни ин кишварҳо таъмин мешавад. Дар мавриди аъзо шудани Тоҷикистон ҳаминро метавон гуфт, ки айни замон дар бораи фаъолияти кори иттиҳод сухан гуфтан мушкил аст. Агар дар оянда кори иттиҳоди мазкур босамар сурат гирад, Тоҷикистон низ метавонад барои аъзо шудан ба он кӯшиш намояд».

Баъзе аз таҳлилгарони масоили иқтисодӣ андеша доранд, ки бо узвият пайдо кардани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даромад ба буҷа аз ҳисоби воридот ва содироти молу маҳсулот аз тариқи гузаргоҳҳои гумрукӣ ба маротиб кам мешавад. Ин зарар ба иқтисодиёти кишвар мешавад. Яъне, зарараш аз фоидааш бештар мешавад.

Маълумотнома
Ибтидо президентҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон Владимир Путин, Александр Лукашенко ва Нурсултон Назарбоев дар шаҳри Остона — пойтахти Қазоқистон созишномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ба имзо расониданд. Ин созмони минтақавӣ дар паҳнои пасошӯравӣ 1 январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ карда буд. Маросими имзои созишномаи таъсиси ин иттиҳод дар шаҳри Остона дар поёни ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё сурат гирифт. Тибқи тавофуқнома, сохтори асосии идоравии иттиҳодияи нав дар шаҳри Маскав ҷойгир шуда, додгоҳи иқтисодиаш дар Минск ва ниҳодҳои назорати бонкии ин созмон, бо шумули Бонки АвруОсиё, дар Алма-Ато фаъолият доранд. Иттиҳод бо узвияти Арманистон ва Қирғизистон сафи аъзоёни худро афзун намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *